surayohakimova.wordpress.com
Бар ман гӯ… | Даричаи умед
https://surayohakimova.wordpress.com/2015/04/08/бар-ман-гӯ
Шеъри ман шӯре надорад беҳузури ёди ту. Дар ин шабҳо дубора бо ҳиҷову вазн даргирам, →. Бар ман гӯ…. Апрель 8, 2015. Аз ин мотамсаро ҷои гурезе ҳаст? Чаро бошад чунин тақдир моро паст? Набояд мешудем ошиқ, чунин ҳарфе надорад суд! Тир аз камонаш ҷаст, бар ман гӯ. Агар дарёдилӣ кардам ба вақти орзуҳоям,. Чаро бар моҳии тилло фикандӣ шаст? Даруни сина исёне зи хомӯшӣ ба танг омад,. Вале ҳоло чаро буғзе гулуро баст бар ман гӯ. Ба нохун медаронад рӯҳи моро гурги бедодӣ,. Зи чанголи ғамаш бояд чӣ гуна раст?
surayohakimova.wordpress.com
Ҳамнаво пайдо нашуд | Даричаи умед
https://surayohakimova.wordpress.com/2013/09/09/ҳамнаво-пайдо-нашуд
Эй муҳаббат →. Сентябрь 9, 2013. Бар садои қалби зорам ҳамнаво пайдо нашуд,. Бахти хоболудаамро ҳеч чашмаш во нашуд. Ҳарчӣ аз андӯҳ буд қисмат ба ман бинвишту лек,. Ин хати пешониамро бахти комил ҷо нашуд. Бин фалак бар мо ғамаш арзон ҳаме дорад мудом,. Косаи давраш, вале як лаҳзае аз мо нашуд. Васли рӯяшро ба нархи ҷон харидорӣ кунам,. Пеши чашмаш ҷони моро қимматаш боло нашуд. Рӯи моҳам Қайсро девона месозад, вале. Нек бингар Маҷнун имрӯз ошиқи шайдо нашуд. Гар ғами дунё ғазалхон карда дилро, лек боз.
surayohakimova.wordpress.com
Акс | Даричаи умед
https://surayohakimova.wordpress.com/акс
6 responses to “ Акс. Март 23, 2011 в 3:48 пп. Хонума Сурайё нафаре аз шоирони навкалами муосири точик махсуб мешаванд, ки бо сурудахои чадиди хеш ба калби тамоми насли имруз чой мегиранд. Хатто пайвастагихои пурпечутоби шеъри он касро сароида манзарахои атрогини хотираи ёдхоро варакгардон мекунем. Мо мунтазири сурудахои тозаи хонума Сурайё хастем. Барои идомаи эчод таманнои зиёди шогирдона орзу мекунам…. Июнь 20, 2011 в 12:54 пп. Блоги хуб, муваффак бошед! Январь 5, 2012 в 7:18 дп. Для комментария испол...
surayohakimova.wordpress.com
Як табассум ғунча гул кард аз лабони ёри мо | Даричаи умед
https://surayohakimova.wordpress.com/2015/04/08/як-табассум-ғунча-гул-кард-аз-лабони-ёр
Ин дили ман бо ҳама дурдонагӣ. Як табассум ғунча гул кард аз лабони ёри мо. Апрель 8, 2015. Як табассум ғунча гул кард аз лабони ёри мо,. Ў магар дорад ҳавас бар гулшани дидори мо? Гар ниҳодӣ пой бар мулки дилам инро бидон,. Аз ҷунуну фитнааш огоҳ кардан кори мо. Аз хаёли рӯи мо ҳар ғунча бишкуфад, бале. Инчунин ҷоду ниҳода бар ҷабин, рухсори мо. Як фусуни дигаре бошад ниҳон дар чашм боз,. Бо нигоҳу камтар ишва мешавӣ афгори мо. Бар қатори кокулон мафтун шудӣ? Чун ба куштан қодир аст ин ҳалқае дар дори мо.
surayohakimova.wordpress.com
Наср | Даричаи умед
https://surayohakimova.wordpress.com/наср
Нақд тавзеҳ нест, балки кашф аст. Сӯҳбати муҳаққиқ ва рӯзноманигор Сурайё Ҳакимова бо адабиётшинос ва мунаққид Субҳони Аъзамзод). Бо шарофати истиқлолият чанд сол аст, санаи 22-уми март дар кишвари мо Рӯзи зиёиёни тоҷик чашн гирифта мешавад. Дар остонаи ин ҷашн мо сӯҳбате доштем бо адабиётшинос ва мунаққид Субҳони Аъзамзод, ки фишурдаи онро манзури хонандагони Ҳақикати Суғд мегардонем. Устод Рӯзи зиёиёнро ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми зиёиёни кишвар муборакбод мегӯем. Баёни андешаи сара, эҷоди шеър...
surayohakimova.wordpress.com
Эй муҳаббат | Даричаи умед
https://surayohakimova.wordpress.com/2013/12/11/эй-муҳаббат
Барои зиндагӣ бикӯшӣ беҳтар аст →. Декабрь 11, 2013. Боз кардам, ҳасратам дар сина зиндон беасос,. Аз барояш, эй муҳаббат, ин бувад оё қасос? Қадри зар заргар бидонад! Баъди ин беқадриҳо,. Рост гӯ ман зар набудам, ё ки ӯ зеваршинос,. Бештар ғам медиҳад, то бештар ёдаш кунем,. Меҳрубониҳош мегардам, Худоямро сипос. Зиндагӣ чун обшорон гуфтаанд ин борҳо,. Дарки ин маънӣ бикун некӣ зи кас монад халос. Ман дигар ҳарфе надорам, ҳарчӣ мехоҳӣ бигӯ,. Пас чӣ фарқе мекунад бо корд куштӣ ё ки дос? Бар ман гӯ….
surayohakimova.wordpress.com
Даричаи умед | "Дар моварои ишк " | Страница 2
https://surayohakimova.wordpress.com/page/2
Следующие записи →. Июнь 11, 2013. Зи ҷодуҳои чашмонат хабар дорам, ба ин андоза аммо не,. Гирифтори расанҷодуи мижгонам, вале дардо, ки аз мо не. Паёпай мекушӣ моро ба дарду доғи танҳоӣ, вале бозам,. Аҷал аз мо гурезон аст, умеди будани ту пой бар ҷо не. Ситезам бо ҳама дунё, надорам чашми мастатро ҳамин мушкил,. Магар девонагиҳоям гирифтан касди Исоро зи Мӯсо не? Шунидӣ лола дарди худ даруни сина пинҳон карду хандон шуд,. Ту ҳиммат кун, зи лабханди лабони мо биҷӯ пинҳон, ки пайдо не. Март 28, 2013.
surayohakimova.wordpress.com
Барои зиндагӣ бикӯшӣ беҳтар аст | Даричаи умед
https://surayohakimova.wordpress.com/2014/03/12/барои-зиндагӣ-бикӯшӣ-беҳтар-аст
Шеъри ман шӯре надорад беҳузури ёди ту →. Барои зиндагӣ бикӯшӣ беҳтар аст. Март 12, 2014. Бас гиря, дил! Барои зиндагӣ бикӯшӣ беҳтар аст,. Ҷои ин ба шавқ ҷӯшӣ беҳтар аст. Фарёдро ба сина фурӯ бар, ки ин ҷо аз ду сар,. Эй дил, туро касе набишнавад, хамӯшӣ беҳтар аст. Заҳри фироқ пурқадаҳ бувад, вале ту дам мазан,. Ин ҷомро бидуни нӯшбод нӯшӣ беҳтар аст. Донам ҳазор дард андарун туро, аммо чӣ суд? Тӯфон макун дило, ки бесадо хурушӣ беҳтар аст. Бовар бикун дурахши босаодати фардо, ки ҳаст,. Бар ман гӯ….
surayohakimova.wordpress.com
Тарона | Даричаи умед
https://surayohakimova.wordpress.com/тарона
Дар хилвати шаб ману ғамҳои ту ба ҳам роз мегӯем. Шаб шуду ман боз андар ёди ширини ту истора мешуморам, тану танҳо. Ёдам кун. Ман ишқи туро ошиқам. Нигоҳи меҳрубонатро интизор. Сӯи ман бингар ва садоқати маро эҳсос кун. Дунёи ишқи ман саршори лутфу меҳрубонист. Ин ҳама зебоӣ танҳо азони туст. Бубин, ту чи қадар хушбахтӣ! Муҳаббатро беҳтарин подош садоқати ёр аст. Ишқу вафои маро ҳаргиз ҳам чунин баҳо нахоҳад буд. Муҳаббатро гуфтам: бирав аз хонаи дили ман. Бароям гуфт:- ҳаргиз, он дигар моли ман аст.
SOCIAL ENGAGEMENT